Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Хуршед, ки гардункаши нури саҳари ўст,
Резад ба сари халқи ҷаҳон хўи Душанбе.
Лаб дар гулу гул дар лабу гул дар қадаҳи гул,
Риндона занам бўса ба абрўи Душанбе.
Ранги ҷигарӣ дод сари шонаи ў шед,
Резад ҷигарӣ бўсаи гесўи Душанбе.
Аз ҳафт шаби ишқ расад ташналаб ошиқ,
Дар косаи маҳ шир диҳад ҷўи Душанбе.
Нози дилу рози дилу овози дили Меҳр
То гўши Худо бурд сухангўи Душанбе.
Худоё, хонаам хун асту девору дарам хун аст,
Раҳи наззораам хун асту аз по то сарам хун аст.
Ғизои дил ҳамин хун буд андар кишвари пайкар,
Чу дил бо хун сару корам шуд аз бас кишварам хун аст.
Дар он қасрам, ки мебинанд мардум, ҳам намебинанд,
Сухан хуну садоям хун, чароғу минбарам хун аст.
Паямбарҳои хунинҷома меоянд хун дар хун,
Ҳадису сураву оёту хома, дафтарам хун аст,
Дарахти зиндагӣ гўяд қиёсе зан ба мўи тан,
Сиёҳам ё сафедам решаи дар пайкарам хун аст.
Муҳаббат хун, ҷаҳолат хун, садоқат хун, хиёнат хун,
Магар сўи ту, ё раб, тўҳфае, ки мебарам хун аст.
Табассум зери лаб шайтони дил аз осмон пурсад:
– Намегўӣ шароби Антаҳуру Кавсарам хун аст?!
с.1992
ЭҲДО БА АҲМАД ЗОҲИР
Сайри биҳишт мекунам шишта ба боғшаҳри дил,
Бо ту хиром мекунад қасри чароғшаҳри дил.
Чашми суруд мебарад ҷўйи шароби Антаҳур,
Мижжазании ҷў бубин сўйи аёғшаҳри дил.
Сўйи садорасонаи лола нигоҳ мекунам,
Пойи наво намерасад то ба фароғшаҳри дил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё