Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аз дили лола медамад Аҳмади Зоҳири суруд,
Навҳайи сурх мешавад шармии доғшаҳри дил.
Нойи хаёл хурд-хурд мешиканад Ситорарақс10
Тарди биҳишт мекунам баста димоғшаҳри дил.
То дили Осиё бувад чун дили ишқи сўхта,
Ҳарду ҷаҳон биёбадам сўхта роғшаҳри дил.
Сари виҷдон хиради бом набардоштаем,
Аз бадан ҷониби сар гом набардоштаем.
Ақлро дом шуморида ба доми ҷаҳлем,
Ком бар бомзанӣ вом набардоштаем.
Санги гардунгузарон кўфта аз таҳхона,
Қиблаи шом сўи бом набардоштаем.
Дўзахи нася занад пой сари нақди биҳишт,
Субҳро хўрда, вале шом набардоштаем.
Шақи маҳ дида пас аз чору даҳи аср дурўғ,
Сўи маҳвораи рўз ом набардоштаем.
Сари хору хасу гул шабнами виҷдон бичакем,
Ашки хоҳар чу гили хом набардоштаем.
Пайи шўҳрат сари модар ҳама минбар кардем,
Қади шаънаш ба қади ҷом набардоштаем.
Бозсозисту шуд номи Худо минбари нав,
Ҷуз ба пистони Худо ком набардоштаем.
Шарми сабзе, ки Ватан сабзасифат сабзонем,
Сабзаворе пайи ў гом набардоштаем.
ДАСТИ СЕЮМ
Аз миёни синаи андоми ман,
Дасти нав рўид чун дашноми ман.
Хонда ду дасти худоӣ душманам
Бар ду сў афканд чун ду доми ман.
Аз саломи ҳамдигар вомондаанд
Раққосаи терроршудаи Афғонистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё