Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гули гулдони ту гўяд, ки хато нест.
Дидам, ки зи ҷон азизтар буд
Аз дори фанои мо туро вақт.
Гуфтам: – чӣ шавад ба лутфи ширин
Баҳри ту кунад маро Худо вақт.
Кӣ гуфт, ки Вақт ҷовидон аст,
Вақт аст, ки мешавад чу мо пир;
Барф ояд агар нишасти ў бин,
Чун сўфии шишта дар дуо пир.
Вақт аст, ки дар нигоҳи мардум,
Гўё ки зи ҳеҷ дар наояд,
Кӣ дида, ки Вақт дар тани сол
Ҳар сол чӣ гуна медарояд?
Он гуна, ки Вақт медарояд,
Дар пайкари сол рўзи Наврўз,
Дар пайкари умри ту дароям,
Бо тоқу таранбу сўзи Наврўз.
Зиндагӣ болотар аз дин аст,
Дин ба ҳури зиндагӣ зин аст.
Пеш аз дин зиндагӣ зода,
Бар тани дин зиндагӣ дода.
Зиндагӣ пас дини дин бошад,
Одамӣ то одамин бошад.
Дин чу гирад зиндагихорӣ,
Мурдааш дон зиндабардоре.
Гар сиёсатноз дин бошад
Зиндагихори Замин бошад.
Пеш аз он ки сард омезандам андар тирахок,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё