Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо канори рўшани гарми ту омезам, биё.
Бўйи пўсидан диҳад аз дур ҳам оғўши гўр,
Дар ту оғўши шукуфтанҳост, гул хезам, биё.
То сабук аз дини худбинӣ ба ҳамбинӣ расем,
Аз туи субҳина хуршедина бархезам, биё.

ФАТВОЕ АЗ ДАҲАНИ ГЎРИ ПЎСИДА

Мурдае аз гўр ово додааст,
Бо лаби пўсида фатво додааст,
То бимонад беҷаноза мурдаам,
Мурдаи аз «мурдаҳо» озурдаам.
Ин ҳамон гўри даҳон, ки як замон,
Бўйи бад афшонда бар ҳарду ҷаҳон.
Дод ин фатво бар он Тўсии род2,
Рўсиёҳе монд лек аз ин «ҷиҳод».
Ҳарфи мурда зиндагӣ кай бишнавад,
Зиндагонӣ зиндаи най бишнавад.
Аз ҷанозай мурдаи манҳо магў,
Ҷон бигў, аз мурдаи танҳо магў.
Бо забони пок хоҳӣ гар дуо,
Бишнав аз наҷвои гарми баргҳо.
Луқмабардори ҳалоли паркушо,
Бо забони мурғ хонад аз сафо.
Чӣ-чии гунҷишкҳоро гўш деҳ,
Бар дуои бегуноҳон ҳуш неҳ.
Мезанад мавҷи забон Ҷўи Калон:3
– «Кай ҷаноза зиндаро аз мурдагон?
Мурдаҳо гар мурдарў гуфтанд ҳарф,
Ту сурудӣ зиндагӣ бо ҳарфи барф».
Бо ғуруре, ки наёбад гўши во,
Ғозиёнкўҳам4 диҳад аз дил садо:

2
Фирдавсӣ.
3
Ҷўест аз миёни Қубодиён ҷорӣ.
Кўҳест дар Қубодиён.

пешина
аз 186
навбатӣ