Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шодии маро, ки буд Симурғи дилам,
Озоданафас ба кўҳаи сурхи дилам.
Кар гашт зи хониши калоғи нафсам,
Шуд кўри ҳаваснавозии чархи дилам.

Бархост таассубу сарам сўҳон зад,
Аз хона кашон ҷар ба ҷари кўҳон зад.
Аз хуни халоиқ чу раҳи тўфон зад,
Дар киштии чашми Ватанам нўҳон зад.

Дине, ки ба бозӣ рафт, бигзор равад,
Бозомаданаш магў, ба як бор равад.
Он беҳ ки ба сабзае кунам саҷдаи сабз,
Дар рустани ман даруни худ ёр шавад.

Инест ба марзсозии рўи замин,
Онест, ки марзнози ақлу дилу дин.
Аз ғунчаи гул бўсаҳаки маст бичин,
Байни ду ҷаҳон низ дигар марз мабин.

Ҷосуси сиёсатанд маҳрам ҳама ҷо,
Ҷонбози муҳаббатанд пурғам ҳама ҷо.
Аз ваҳми даруни худ биларзанд чу бед,
Анбошта дўзахи дил одам ҳама ҷо.

Дар ҷилди китоб то баҷо омадаем,
Аз давлату хоки худ ҷудо омадаем.
Дар хоки ману ту сохта бас давлат,
Бархостаанду мо зи по омадаем.

Дунёи талош бин, ки чун аст, рафиқ,
Дар кашмакаши касон нагун аст, рафиқ.
Гуфтем Замин ба тори гул биншонем,
Дидем кашида зери хун аст, рафиқ.

пешина
аз 186
навбатӣ