Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷосуси ҷаҳон дар ин замин ҷўш зананд,
Хуни дили мо чу доруи нўш зананд.
Бисёр макун гиря, ки ҷони ману ту,
Нўшобасифат аз пайи май нўш зананд.

Ҳар кас ки бигуфт халқро аблаҳи хар,
Аблаҳтар аз ў нест ба дунёи дудар.
Дарё кӣ шунидаст, ки кас гуфт чунин,
Дашноми Замин низ касе дод магар?

Инсону ғурури фалакаш ҷони ба ҷон,
Гардуну ғурури башараш хону махон.
Гўянд пайи нози биҳиштанд давон,
Не он ба дили ину на ин бо дили он.

Дар пойгаҳи роҳи биҳиштанд ба дав,
Аз дўзахи худ нест хабаршон сари ҷав.
То марра бувад ҳарду ба дав овора
Пайдо набувад, кӣ мебарад аз кӣ гарав?

Дар нимшабон ба базми дил гўш занам,
Аз ҷоми Суруш ҷуръае нўш занам.
Ҳарфе, ки ба ҷисми рўзи ман шишт чу хор,
Ёбам гули ҳарфи тифлу аз ҳуш занам.

Ҳар кас ки ба нури шаб ҳамоғўш ояд,
Рўзаш пайи дил чун шаби хомўш ояд.
Аз баҳри нигоҳ базми нуронии рўз,
Аз нури шаб аст рўҳ дар ҷўш ояд.

Ман маҳзари ростиву дониш будам,
Бо нури сухан ба кина ромиш судам.
Аз дониши ман кина ба тан ҷавшан сохт,
Нурам ба силоҳи нур зад дар пудам.

пешина
аз 186
навбатӣ