Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ё раб, чӣ замину осмонест туро,
В-ин банда чӣ бандаи гумонист туро.
Ту дўст бидорияш, зи ту тарсад ў,
Як ишқ ба чанд тарҷумонест туро?
Чашмони ту аз шикоф вомонда зи дин,
Ҷони ту ки аз сиёсат афтода ба кин.
Андар ҷигари ду оташ афтодаст ишқ
Он аз фалакаш биканду инаш зи Замин.
Гар ишқ назояд дили фитрат чӣ кунем?
Бо фитрати пўсида ба миллат чӣ кунем?
Бар моҳ заданд шаҳру мо ин ҷо кўр
Бо кўрии биншаста ба хилқат чӣ кунем?
Бо дуни хасон адолати худ накунӣ,
Бо хуни касон рисолати худ накунӣ,
Беруни дилӣ, даруни худ кай ёбӣ,
Воруни касон саодати худ накунӣ.
Аз бодаи андеша, ки андўхтаӣ,
Садсола гулўи ғами мо сўхтаӣ.
Дўзад падарат хайма пайи чанд тане,
Ту хаймаи озодии ҷон дўхтаӣ.
Дар хаймаи ту Ғарб ба Шарқ афтода,
Шарқ аз сари хумби ту ба фарқ афтода,
Аз бўсаи Шарқу Ғарб механдад абр,
«Лаб бар лабу дар миёна» барқ афтода.
Се нур ба ҳам расиду як нур гирифт,
Ойини Каён ба нур аз дур гирифт,
Ин нури вазорат омаду он Аламут
Хайём даруни хаймааш Тур гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё