Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Шаҳнома»-и коси сари Кай бар хонда,
Қурони ҷаҳон зи нақши соғар хонда,
Аз бодаи ишқ сар фурў бурда ба нур,
Асрори фалак зи зарра азбар хонда.

Эй рафта чу вақт дар дили сонияҳо
Наврўзии Ҷам кашида аз вақту фазо.
Андешаи ту чу пойи Наврўз ба хок,
Наврўзсифат рўйи шукуфон ба само.

Як дасти маро худо кунад шохаи нок,
Дасти дигарам қандаки гул дар гули пок.
Бар турбати ту гули дуо афшонам,
То соати бархостанат аз дили хок.

Дар ҳикмату фалсафа ба Сино ҳамдўш
Таъриху адабро Табарӣ сўи ту гўш.
Истода ба по Ғазолӣ пеши ту ба дин
Машҳури ҷаҳон чу шоири майсаранўш.

Маст аст ҷаҳон зи хумби андешаи ту
Гул низ фитодааст дар пешаи ту.
Дар ҳотаи ў шавад варо ҳашт биҳишт,
Аз хоб ҳар он ки хест бо шишаи ту.

Қавмат садаҳо паи суханмурда шуданд,
Аз пушти суханмурда куҷо бурда шуданд.
Чун ҷоми ту кас майи худиро нагирифт.
Борида чу абрҳо заминхўрда шуданд.

Эй хўрда май аз соғари андешаи рост,
Чун чарх ҳамеша масти як шишаи рост.
Сад кўза дурўғ холӣ андар базме,
Лабташна ҳама сабоҳ чун решаи рост.

пешина
аз 186
навбатӣ