Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
То чанд ба лаб ҳарфи ҳавасҳойи дурўғ,
Шуш аст дурўғ аз нафасҳойи дурўғ.
Дил банд шуд аз бас ба қафасҳойи дурўғ,
Шуд қудрати мо боли магасҳойи дурўғ.
То ақл зи дин фарозтар гом назад,
Гоме ба сари зулмати авҳом назад.
Пое накашид аз лаҷанзори шикам,
Зангўлаи кашф бар лаби бом назад.
То аз хуми дин шароб хўрдаст дилам,
Хуни дили худ чу об хўрдаст дилам.
Аз худхўрии миллати худ донистам,
Аз дашти худӣ сароб хўрдаст дилам.
Ин халқ, ки чун рама паи буз мерафт,
Уммед бағалкашони тарбуз мерафт.
Чун аз бағалаш фитод тарбуз сари роҳ,
Диданд, ҳамин хуни таҷовуз мерафт.
Киндории мо чу зод диндории мо,
Диндории мо рафт ба киндории мо.
Дин омада буд қадри мо бардорад,
Чун рафт, ки шуд фарши заминдории мо?
Илм аз сари нанг чанг бар чарх кашид,
Дин ақл бимонду сўи эзор давид.
То пардаи зеру бам ба ҳам ханда заданд,
Ҷанг омаду нанги ҳар ду дар кўча дарид.
Гоҳе пайи ҷоҳу дин сари ҳам бихўрем,
Гоҳе пайи молу кин сар ҳам бихўрем.
Гаҳ аз пайи фосиқеву гаҳ фоҳишае...
Чанд, эй фалаки барин, сари ҳам бихўрем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё