Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зартушт на сар будаву на сомон аст,
Оғози дурўғшўии инсон аст.
Бо хуни ҳазораҳо расидаст ба ним,
Кӣ гуфт, ки раҳ ба ростӣ осон аст.

Исо, ки ба осмони чорум ҷо кард,
Ҳам пайрави ў илм ба гардунҳо кард.
Пайғамбари ислом замин маъво кард,
Кай пайраваш аз хоки сияҳ пар во кард.

Аз соғари лабҳои ту чун бода занам,
Сад бўсаи нуқли синаи сода занам.
Мастона чу чарх гирди нофат гардам,
Дар хаймаи мўт хоби шаббода занам.

Аз гиряи ман гўши фалак боз нашуд,
В-аз майхўриям дилаш ғамандоз нашуд.
Он беҳ ба дили шод бибўсам чашмат,
К-аз шодии мо фарозтар роз нашуд.

Ғамро, ки шикастани дил омад ҳунараш,
В-аз роҳи шикаста бар гузашта сафараш.
Бозор кашидам, ки фурўшам ба ду ҷав,
Як ҷав нахаридашу бурун зад зи дараш.

Аз бодаи андешаи ман дин шуда маст,
Не рўзи ҷазо ёбаду не рўзи аласт.
Пайдост, ки сар бурда ба хумхонаи дил,
Гар нест, чунин ҷоми худоро кӣ шикаст.

Ғамро, ки шикастани дил омад ҳунараш,
Бо бўсаи ту шикастаам тоҷи сараш.
Шодии кушоиш сари ман суд ба чарх,
Ғамро пайи пойшўӣ мондам ба дараш.

пешина
аз 186
навбатӣ