Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Инон ки зи бодаи ҳунар парҳезанд,
Гирди хуми ҷаҳли худ дар афту хезанд,
Нашкаста бути нафси худ андар сина,
Бо сурати девори касон бистезанд.
То ҳаст хирад зи ҷанг парҳез кунад,
В-ар ҷанг кунад на аз пайи чиз кунад.
Маҳбустарак зи ҷон дар олам нурест
Ақл аз пайи озодии ў хез кунад.
Ҳар кашфи наве, ки буд дар рўйи Замин
Бикшодани одамӣ буду чархи барин.
Аз кашфи ҷаҳон ҳар он ки рў тофт ба тарс
Аз кашфи худу Худой вомонд яқин.
Чун тир сафар гирифт то каъбаи дил,
Дил рахти сафар бубаст бар каъбаи гил.
Он хашми Худо занг зад андар дили хок
В-ин раҳми Худо гашт ба мўрон манзил.
Дин сўйи Худо чу нардбон омада буд,
Кӣ гуфт, ки курки гирди хон омада буд.
Кӣ дид, ки нардбон ба одам гардад,
То ман биравам фарози ҷон, омада буд.
Ҷонам чу танат ишқи ҷавон мехонад,
Мастии ҳаёт ҷовидон мехонад,
Дар чашмаи ҷоми лаби ту дил шуста,
Дар субҳи баёзи ту азон мехонад.
Инон ки саре ба фарҷи уштур задаанд,
Полези худӣ ғамзи шутур пур задаанд,
Дар Соҳира хуш ғўта зада, ҷойи биҳишт
Аз синаи Гоби сарбаровар шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё