Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Борони сухан тир шуду шуд ба ҳаво
Селоби камон сурх шуду хўрд ҳаво.
Гардун на сари тоқати ин дошт, на он,
Гардонду фиристод ҳама бар сари мо.
Дин фалсафаест аз дарун пўсида,
Андар бағалаш ақли нагун пўсида.
Чун роҳ надода нури созандаи ҳақ,
Нураш ба сар аз фасоди хун пўсида.
Аз лутфи сухан ҳамин дили ман шуд об,
Аз аллаи панд шуд сари ман дар хоб,
Бе панди куҳан замон диҳад панди фалак
Бе панди замон ҳамин манам кўҳнашитоб.
Пиндори накў миёни Зардушту Худост,
Гуфтори накў миёни Зардушту Худост.
Кирдори накў миёни Зардушту Худост
Пас акси Худо ба ҷом Зардушти Ашост.
Андешаи пок аст биҳишти ду ҷаҳон,
Андешаи пок аст сиришти ду ҷаҳон.
Дар набзи ду олам тапад андешаи пок,
Ин нур чу об аст ба кишти ду ҷаҳон.
Чашми ману ту чу чашми ноф омадааст,
Аз хона бадар ба бонги лоф омадааст.
Аз решаи ў риштаи нуре нахазад,
Ин дурнамо шикамшикоф омадааст.
Ҷамъе ҷари хештаншиносӣ задаанд,
Дар гавҳари худ тухми абосӣ задаанд.
Устураву таърихи худӣ тоҷ кунам,
Фарёд, маро ба номи осӣ задаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё