Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамчу бар деги шири заҳршикан,
Моҳиён сўи моҳ ҳасратзан.
Бехабар тифли Тоҷикистон аст,
Дар лабаш бомбаҳои пистон аст,
Мемакад шири «Дўст»-олуда,
Меканад ҷони дўстполуда.
Яъне, дар баҳси даври бомбаниҳод,
Тоҷикистон чӣ мекунад эҷод?-
Рўи домони модари тоҷик,
Бофбатифлони модари тоҷик...
Асри мо чун зи гўш пунба кашид,
Бехатарсозҳои бомба расид.
Бояд андар баҳори ин тахрик
Бехатар сохт бомбаи «Тоҷик».
Метавон варна аз фароз андохт,
Фарқ бар фарқи бомбасоз андохт:
– Эй ки бурда ҷазои1 Нобилро
Бибар, инак, балои Нобилро!
Эй худованди ту худои зиё,
Бехудои ту рўзи рўз сиё,
Эй Авастои ту китоби замин,
Гули Яштат давои ноби Замин:
«Дар ҷаҳон ҳар касе заминкор аст,
Файзи ў бар ҳама заминвор аст,
Дар замин ҳар кӣ дона мекорад,
Адлро дар замона мекорад,
Мекунад ҳар кӣ хокро мурдор,
Мекунад рўҳи покро мурдор!»
Чӣ кунам лек зиндагӣ ин аст,
Ақл не, ҷаҳл бар сари зин аст,
Дар лабаш ҳикмати зиёда ҳанўз,
Маърифат медавад пиёда ҳанўз...

1 Ҷазо – ин ҷо ба маънои ҷоиза.

пешина
аз 186
навбатӣ