Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗАБОНИ МАЙСА

Бомбаҳои имрўза ҳар куҷое битарканд, солҳои зиёде он ҷо сабза нарўяд.

Саҷҷодаи сабзи нафаси ишқшуморам
Хуршеди баринро,
Дарёи кафи фотиҳаи сабзгузорам
Уммеди заминро.

Дар моҳи ҳамал ишқи амалхези заминро
Дар ҳастии ман ёб.
Мастии заминро зи майи косаи хуршед
Дар мастии ман ёб.

Аз гармии эҳсос
Чун дар бағали ту битапад духтари наврас
Лаб дар бағали бўсаву тан дар бағали тарс,
Дарёб тапишҳои заминро
Дар синаи хуршедии ишқи ҳаманорас.

Ман ишқи заминам,
Чун ишқи замин сабз бувад шири замин низ,
Тадбири замин низ,
Таъбири замин низ.

Абрам бидиҳад фотиҳаи обии Наврўз,
Субҳам бидиҳад фотиҳаи нурии хуршед,
Боре чу ман, эй одами хокӣ,
Ҷонсабзи муҳаббат бишавӣ то сари нохун,
Шаб низ диҳад фотиҳаи шабнамии хеш,
Монандаи моме, ки супорад ба сад уммед
Гулдухтари худро ба канори гули домод,
Худ силсилае ашк, вале фотиҳа испед...

пешина
аз 186
навбатӣ