Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як даст дастаки ў,
Гўшу даҳону бинӣ
Шуд новадони зарҷў.

Аз роҳи норавое
Бояд нафас барорам,
Ҷои садобарое
Аз пешу пас надорам...

Унвони муфтхорӣ
Бе зар куҷо харидам?
Сарномаи «Гадорў»
Бо сарбаҳо харидам.

Қиматфурўши унвон
Гўле магир манро,
То номи «Барда» додӣ
Бахшидамат Ватанро...

Савдогари диёрам1
Зарбози зарбаташвиш.
Сарбози сархўрам ман
Биншаста бар сари хеш...

Ҷое ки кандаӣ лаъл
Пурхуни худ кунам соз;
Бо лаъли моӣ лутӣ
Дар сафҳаи қурунбоз.

1 Инженер Журавко-Покровский соли 1894 аз маъмури Руссия дар Бухоро иҷозаи зарҷўӣ дар Шугновро гирифт, пас аз муваффақият , дасисакорӣ ва билохира қарздорӣ на аз шоҳи Бухоро, аз генералгубернатори Туркистон хоҳиш кард, то ба ў иҷозаи фурўши кони тиллоро ба Инглистон ё Фаронса, ё Олмон диҳад. Аммо ў зарари фурўши Аляскаро дар хотир дошт ва ҷавоби рад дод.

пешина
аз 186
навбатӣ