Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз маърифат барӣ бў
Ин ҷой дар сафи зар,
Дар хона бўи пархош
Афшон чун кафи зар.

Теғе бараҳнае соз
Чун фитназои шашдар-
Дасти маро ҳамора
Дар гардани бародар...

ҲАЙРАТ

Дина ки меҳмони рафиқе шудам,
Маҳшарае дидаму зиқе шудам:
Шишта ба ҳайрат таҳи айвони хеш,
Мушти замин хўрда зи кайвони хеш.
Рўи кафаш чўҷаҳаки достак,
Дар даҳани чўҷа муғелона1 ҳак.
Чўҷаи ҷон рафта чу фарёди ў,
Дар ду ҷаҳонаш накунад ёди ў...
Марди мушоҳид сухан аз сар гирифт,
Машғалаи достаки «ғар» гирифт:
– Ҷуфти парастуи ба ҳам ёри пор
Боз ба пар-пар шуда поринавор,
Ҷомаи нав дошт ба бар ишқи пир,
Чомаи нав дошт ба сар ишқи пир.
Сар ба сару пар ба пару чир-чирак,
Баргу бару бому дару чир-чирак,
Дум ба думу лаб ба лабу чир-чирак,
Субҳдаму зўҳру шабу чир-чирак,
Чир-чираку чир чираку ҷуфти тухм,
Бар-бараку пар-параку ҷуфти тухм.
Ҷуфт ба ҷуфт омада ҷуфти дуто,

1 Хори мағелон.

пешина
аз 186
навбатӣ