Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хурўси Хураш, ки занад чеғи нур,
Ҳама пур шавад аз азони сафо…
БАРОИ НАҚБКАНОНИ РОҲКУШО

Раҳе, ки рўҳ паймояд, баланд аст,
Фалакро чун Замин сояд, баланд аст.
Тавон то чанд ҳамдўши фалак рафт,
Заминро монда ҳамгўши фалак рафт.
Замин бар гўши раҳпаймо чӣ гўяд;
– На танҳо кўҳ, аз ман рўҳ рўяд.
Ту он рўҳӣ, ки кўҳ аз по дарорӣ,
Чу уштур кўҳро ёбӣ саворӣ.
Бишўӣ зоҳидии рўҳварзӣ,
Чу ёбӣ рўҳварзӣ кўҳварзӣ.
Ватандорӣ, ватанёрӣ ҳамин аст,
Ватан бар дўшбардорӣ ҳамин аст.

ХАНДА БА ХУД

Чун ба ҷаннат себи маърифат газид,
Хешро урёни модарзод дид.
Шарми урёнӣ фаропечид гарм,
Хешро дар сояҳо печид нарм.
Чун шавӣ, аммо, ту пинҳон пеши ҳақ?
Ҷумла пинҳон ҳаст урён пеши ҳақ…
Кўри урён дўст медорад Худо?
Кўри виҷдон дўст медорад Худо?
Кўри ҷону кўри ҷисму кўри дин?
Кўри Ақлу кўри Нафсу кўри кин?..
Эй ки ҷўӣ маърифат рўи Замин
Кан умеди ҷаннат аз рўҳуламин.
Маърифатҷўро чунон бад дидааст
Бар заминаш низ дўзах чидааст…

пешина
аз 186
навбатӣ