Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«– Ранги Буддоям, фурў ҳишта хамўш,
Зиндагизоям, чу ман аз худ биҷўш.
Дам ба дам аз нав шудан гў, не зи марг
Мавлавӣ шав то бирезад марг барг…»

ДИНИ ШУКУФТАН

Сари дини ман шўр ангехтанд;
– Зиёро чӣ дин аст дар зиндагӣ?
– Ба дини Шукуфтан гароидаам,
Ба барги забон Яшти рўяндагӣ.

Чӣ сўфӣ зи ман бурд арғушти роз
Сари ҳуштаки боди боронбағал.
Чӣ ошиқ зи ман беҳ бағал боз кард
Ба субҳи саропой нури ғазал.

Чӣ шоир, ки ҳарфаш гули ноз бурд
Ба бў лаҳзаиву ба хў лаҳзаӣ.
Чӣ доно, ки андешааш зад садо:
«Биҷў лаҳзаиву бирў лаҳзаӣ!»

Ситода ба як по чу Бурхи Валӣ,
Намози биҳишти Замин оварам.
Ғалатрав паямбар басе дидаам,
Чу Зардушташон сўи дин оварам.

Бимирам замоне ситода ба по,
Худ оям, ки худро бизоям зи нав.
Гар оташ заниям, дили зиндагӣ
Даме гарм созам, ки оям зи нав.

Даруноташам, ки сари саҷда нест,
Фалакҳо, бубин, боми масҷид маро.

пешина
аз 186
навбатӣ