Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чир-чири ғамрў зи дарун мерасад.
Дар ҳаваси донаву оби наҳор Чир-чирашон ҷар зада тоби баҳор, Ногаҳ чун пораи рўзи сиёҳ, Мефитад аз лона яке бегуноҳ…
Шўрҷабин чўҷаҳаки вопасин Дар ҳаваси донаву домаш камин...
Эй фалаки пири пасу пешзан Пешнавозу зи қафо нешзан, Хам зада бо ҷумла бало тохтӣ, Бо дили модар чи бало бохтӣ...
Чўҷаи хушкома даҳан тоза кард Мом муғелонааш андоза кард...
Хун ба ҷўш омада дар чашми ман Шуд даҳани чўҷа дигар чашми ман.
Ҷаҳл, ки суннатшикани олам аст, Оламу одам зи дамаш дарҳам аст...
Ҷўраи ман ҷаври дигаргуна кард, Хостаи достак аз буна кард; Чанг заду лона ба каф бар гирифт, Нори танўраш ҳамаро дар гирифт....
Синаи ман буд танўри дигар Аз алави дури ба нури дигар, Хашм чу дар синаам оташ гирифт Суннати Зардушт ҳам оташ гирифт, Дом шуда баҳри касон Ромяшт, Дом таҳи дум зада Баҳромяшт Ларзаи оташ ба даҳони танўр Ойинаи ларзаи ҷони танўр, Дар назарам бозии шамшер шуд, Мушфиқиям боз гулўгир шуд, Даст задам шохаи таърихро То фиканам раъша тану бехро:
– Модари тоҷик чӣ рафт аз хато, Дода танўрат ба дили худ пано?!
Мардумаи мардумаш ангиштбор,

пешина
аз 186
навбатӣ