Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чир-чири ду ҷуфтаки нав дар ҳаво,
Дона якеву дигаре обкаш,
Шўр якеву дигаре хобкаш,
Субҳдамон шўй шуд афтобкаш.
Шомгаҳон зан шуда маҳтобкаш...
Субҳдаме, лек шаб оғоз шуд,
Нола ба дил хайма заду ноз шуд:
Гурбаи поида яке пар гирифт,
Чанг заду достаки нар гирифт,
То ҳаю ҳоям бипарид аз даҳан
Гурба ватан сохташ андар бадан...
Ду шабу ду рўз гузашт аз миён,
Чун таби шаб сўз гузашт аз миён,
Бевапарасту дили дил доғ кард,
Ишқи ҷавон доғи дилаш боғ кард,
Ишқи наву бар ба бару чир-чирак,
Сар ба сару пар ба пару чир-чирак,
Дум ба думу лаб ба лабу чир-чирак,
Субҳдаму зўҳру шабу чир-чирак.
Чир-чираку чир-чираку ҷуфти тухм,
Бар бараку пар-параку ҷуфти тухм.
Чўҷаятимон шуда аз ёди мом,
Доми дами чўҷаҳакон боди мом,
Ҷафтаниҳоданд1 чунон ҷуфти нав,
Ҷуфта2 ниҳоданд ба ҷон ҷуфти нав,
Шаҳвати сайёд чи хушдона буд,
Донаи бедонааш афсона буд,
Баччаи ин дом ки шуд дамгусор,
Дамдамачин3 дона шавад дамгувор,
Дом ба дом афканад ар аз виқор,
Мўҳраи меҳри дили модар шикор...
Модари навшў зи бурун мерасад,

1
Каҷниҳод.
2
Чоҳ ва гавди сўрох.
3 Ин ҷо ба маънои ҳиллагару хашмӣ.

пешина
аз 186
навбатӣ