Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Чун оби калом аст ба ҳусни рухи лола.
Ҷуз бўса ҳаром аст ба ҳусни рухи лола,
Ноҳид зи дарёи ҷамоли ту хўрад об,
Сосон, чӣ мақом аст ба ҳусни рухи лола.
Ҷамоле лолаи Монимисолаш,
Кашид аз нури Зардушту камолаш,
Зи хуни Балху маври Ҳинду Юнон
Гулоби лола ҷорӣ дар маҷолаш,
Канишко тухмаро з-ин лола корид
Ба Ҳинду Чину Ҷопону маолаш.
Таҳаммул риштаи андеша то ёфт,
Муҳаббат зад ба зиндони висолаш.
Ҷалоли Монӣ ин ҷо монд маҳбус,
Дили Юнон мунаввар аз ҷамолаш.
Чу Маздак бонги озодӣ дар ў дод,
Ба дораш руст як коҳи ҷуволаш.
Дили Маздак диройи лолаи Рум,
Дили мо шуд вуҷуди каҳкашолаш.
Хуршед зи зулмат, ки бурун меомад,
Бегона дилаш кош ба хун меомад.
Салмон, ки ба Қурон нури Зардушт кашид
Бе ҷаҳли араб кош дарун меомад.
Мансур чу ғунча газад ин рози ба мўҳр,
Кай бар сари дор лолагун меомад.
Ба даври ҷоми лола давра гиред,
Шароби абри найсон оварам рез.
Чу бошад ҷоматонро реша дар хок
Биҳишти ҷонатон ояд Ватанхез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё