Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Танўри лола чашми чарх бўсид,
Муқаннаъ аспи оташ дод маҳмез.
Осмон ёри замин буд, набуд,
Қисмати мо ба камин буд, набуд.
Ҷомаи лола ба дўши дили мост,
Ҷоми мо ҷомаи дин буд, набуд.
Зиндагонист ҳамин, мегўянд,
Зиндагӣ низ ҳамин буд, набуд?
Лола зебоии ҷигархун аст.
Набувад поймоли ў осон.
Доғи Бағдод Лайсу Тоҳир шуст,
То бирўид лолаи Сомон.
Баъд аз ин боми номи тоҷик зад,
Такя бар чор Бесутуни асил.
Бўалӣ буду буд Берунӣ,
Тусие буду буд Исмоил.
Лола ба лола медиҳад рўю лабу даҳони ту,
Лолабадўш меравад шонаву ҳушу ҷони ту.
Пушта ба пушта лола шуд аз пайи лола тифлиям,
Лола шуда ҷавониям дар бағали ҷавони ту.
Чашм ниҳода бар фалак ақли далелҷўи ишқ,
Эй ту далели осмон шишта дар остони ту.
Дида ба хоб пуштаро лолаи шаҳр доғ зад,
Лолаи дил чи мекашад дар ҳаваси карони ту.
Оякаши биҳиштҳо чун варақи саҷода хушк,
Монда чу бўсаи ту тар ояи лолахони ту.
Даҳани фалсафа ин ҷо боз аст,
Чу даҳони лола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё