Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кай аз нофи модар канад нофи худ,
Ки парпечи хоб аст дар лофи худ.
Ту беқибла бин, оқибат қибла зод,
Ба меҳроби хунлолааш сар ниҳод.
Бар ин қиблаи хун шуда якнамоз,
Дили арзанаш дар намози ҷувоз.
Хурўси сари дўши алломаҳо,
Ба солеш тухмеву ҳангомаҳо,
Ки ҷеғаш зи пешу зи пас гандазан,
Бузургон ба пеш, ў ба пас рандазан.
Зи бас бадзани нози он дўшҳост
Хурўшаш ба гўше, ки попўшрост
«Башар!» дар лаб асту маҳал дар ҷигар,
Ватан дар миёна касал дар ҷигар.
Тафовут бубин, аз куҷо то куҷост,
Заифӣ бубин то куҷо мурдазост.
Ватанноз яксар дарун лолахун.
Маҳалбоз аксар бурун лолагун.
Чу лола ба барги тан арчи ҷудост.
Чу лола, валекин, ба хун ҳамқабост.
Ба ҷуз ҷоми лола надорад ба даст.
Ба Ҷоми Ҷамаш нўшбоде набаст.
Зи нозиш ба дўзах шуда ҳомила,
Биҳишташ зи дўзах надорад гила...


Лолатифлонро магўед,
Лолатифлонро биҷўед...
Домани модар гирифта ҳамчу домони замин
Лолаҳо дидам гуреза;
Аз дили мили камонҳо мегузаштанд,
Аз дили мили гумонҳо мегузаштанд.
Сояи ҷар сояи дасти Худо буд.
Шевани дарёву наҷвоҳои саҳро,
Навҳаи пасти Худо буд,
Аз дили бамби замонҳо мегузаштанд...

пешина
аз 186
навбатӣ