Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дили ҳар кас ба миллати худ сўхт,
Сўхтам ман ба миллати лола,
Рондаи лолашаҳри бобоӣ,
Хондаи колашаҳри саҳроӣ.
Пушти харсангу дар дили заву ҷар
Рустанаш буду ифтихораш буд.
Пуштаҳо ярҷ, сангҳо пар дошт.
Тозарўии зор-зораш буд.
Ў, ки худ буд каломи яздонӣ
Бо каломи Худо зи раҳ бурданд.
Лолабозони шаҳрии хунсард
Лоларо канда шаҳри маҳ бурдаанд...
Майи оташ ба набзи тир давид,
Теғ девона шуд, камон бангӣ,
Рўдаи шаҳр салла шуд ба сараш,
Шуд тиҳипову лола шуд зангӣ.
Лоларо навхумори кўҳ гирифт.
Зад чароғак ба фарқ бамби бурун.
Панҷаи кўҳ ба доманаш нарасад,
Пок созад даҳони хун дар хун.
Кўҳу пушта паноҳгоҳаш нест.
Реша бояд давонд дар оташ.
Мон, ки гарданд чашмаҳо раги нур,
Лола дар нур бингарад Ватанаш...
Эй дил, ки ҳазорсола узлат шиштӣ,
Шиштиву хаёли офаридан куштӣ,
Чун лола ба як пой ба олам овез,
Ҷуз пушти Ватан ба худ наёбӣ пуште.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё