Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз чунин мухлис аҷаб не ин сухан, Чун маҳал пеш аст ўро аз Ватан.
Баҳри як болонишини ҳаммаҳал, Туф кунад бар халқу бар ақли милал.
Ин аҷаб не, монда по бар рўйи халқ, Сўйи худ хонад дуо аз сўйи халқ.
Ин аҷаб не ки сари ҷумҳур аз ў, Иттиҳоди халқ мехоҳад накў.
Ин аҷаб не ингилисе рўҳноз Бурдаи мероси додо чун намоз Канда ҷоне гарм андар сад ҳунар, Кисае дорад зи милён бештар.
Ин аҷаб бошад, ки андар Русиё Дар ду соли бозсозӣ беибо.
Яксаду панҷоҳ милён бурдааст, Моли халқ ин гуна осон бурдааст.
Як саду панҷоҳи русӣ нест он, Як саду панҷоҳи дуллорист он.
Ку, бигў акнун, кӣ дорад ақли беш, Ингилис ё рус ё тоҷики хеш?
Дар қиёси мол агар шуд ақлу ҳуш, Чист фарқи одамӣ аз мўру муш?
Мағзаки он мўр вокаш дар қиёс, Ҳам қиёсашро ба ҳарду ҳад шинос.
Заҳмати ўро магўву ҳоли ў, Аз кадомин бой камтар моли ў?
1995.

БА ФИЗИЁДОНИ БУЗУРГ
ФАЙЗИ НОРМУРОД

Таассуб шикастан чи душвор ин ҷо,
Шикофидани чарх осонтар ояд.
Бигуфтам, ки Бэкон ҳам ин ҷо бубояд,
Ки илми амал пар ба мардум кушояд.

пешина
аз 186
навбатӣ