Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
АНОҲИДИ ПИНДОР
ОББОЗИИ СУХАН
Ориёно, бори дигар мағзи олам об деҳ,
Ҷони гул ёбад зи мағзи хок оби ноз боз,
Нафс мехоҳад бисабзад як ваҷаб боло зи ақл,
Аз ҳисоби оби мағзи илми рози пештоз.
Маҳбаси тарсуи Зарвонро Абисто шуд карез,
Бурд обе тоҷи дунёро гули пиндори нағз,
То ки борони муҳаббат бо қадаш бозӣ кунад,
Ҳамчу мўи духтари тоҷики хушгуфтори нағз.
Чашми нури ў ба чашми поки об он рўз дид,
То кунун аммо ҷаҳонро буд обаш дар даҳан,
Рў зад аз чашми карези регпўши мағзаш об,
То бишўяд мағзи оламро чу Зардушти Ватан...
Оби Қурон ҳам набаст ўро ба оби тоза дил,
Ҷойи ҷўйи хун кафи илме барад оби Замин.
Мағзи мо бо фанди Кавсар карда дашти Соҳира,
Аз даҳони илми ғарбӣ мехўрад оби Замин.
Ў дили пиндори Ориро ба оби хун бубаст,
Обро обастани покӣ кай аз хуни шутур?!
Шуд нагун Ноҳидро кўҳи сулаймони дурўғ,
То раҳонӣ, як ваҷаб бардор дунёи убур.
Дидае ки об дорад, нек мебинад ҷаҳон,
Гавҳари беобро ҳам обрў он қадр нест,
Ҳар кӣ дорад дар ҷигар об озмояд зарби хеш,
Кай ба оби рўйи кас оби даҳан шорида зист?
Зеҳни обӣ мешиносад қадри ҳарфи обдор,
Кунда чун дар об афтад, бўйи пўсидан диҳад.
Нур то аз об мерўяд чу дарё меравад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё