Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Нурро то реша дар об аст, зулмат тан диҳад.
Метавон аз оббозии сухан бисёр гуфт,
Аз суханбозӣ валекин мепарад оби сухан.
Рўшноӣ – маънии об, обдастӣ рўшан аст,
Ин қадар бардорад об ин раҳ биринҷи ҳарфи ман.
Ориёно, оби марворид аз чашми ҷаҳон бардор боз,
Обкўрон то ба оби меҳри мо дил тар кунанд,
Қудси хоку боду оташро бувад, ки бў баранд,
То қиёси хеш бо Зардушти пайғамбар кунанд.
ДАР МО СИТОРА ТАРКАД
Дил гардаду битаркад,
Истора рўйи афлок,
То зинда монад одам,
В-ин обу оташу хок.
Мо олами сағирем,
Дар мо маҳ асту хуршед,
То ҷисми мо биҷунбад,
Дар мо ситора таркид...
Табъи ҷаҳон гирифта
Бо бўйи Ози Зарвон1
Олам хуморбанд аст,
То сўйи Нози Зарвон.
Тақдирнози муслим
Зарвоннамоз бинам,
Зардуштхўрдаҳоро
Зарвонниёз бинам...
1
Зарвон-нахустхудойи ориёйӣ, Ноз (зебо, хушбўйи офаранда), Оз
(зишт ва бадбўйи ҳамахўр) таркиби ҷони фарзандони ў – Ҳурмуз ва
Аҳриман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё