Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳафтод дар сад омад
Дар устухони мо об,
Дар мағзи мо ба чанд аст,
Покиза об-дарёб.
Гар хўрд оби нопок
Пиндори меваи мағз,
Гандад ба шохаи лаб
Ширини шеваи мағз.
Ҳар кас ки тоза дорад,
Хуни раги Заминро,
Нураш расад чу Ноҳид,
Рўву таги Заминро.
Дар мағзи нози ин хок
Корида мину бамба,
Дар сина ғун накарданд
Ҷуз кина хамба-хамба.
Таркидани садояш
Харнову ғарғари хун,
Фарёд бин Заминро
Аз одамӣ ба гардун.
Аз дасти заҳрбозон,
Бангӣ шавад Замин ҳам,
Рўзе ба кулли одам
Ҷангӣ шавад Замин ҳам...
Бар қадри қудсии об
Ин дам агар расиданд,
То қадри хок донанд,
Шав чашми раҳ саде чанд...
ОШТИГАР ҶОНЕСТ
Дидбоне, ки саропо чашм аст,
Ҳама тан пову вуҷудаш нафас аст.
Ҷони бе ҷисму камарбанд зи зар
Ҷисми бе сар, ки давон чун ҳавас аст.
Тоҷи зар дораду яксар ҳама даст.
Оштигар ҷонест
Миёнҷии замину гардун,
Чи забардаст равонест
Равонтар аз хун,
Бештар аз ҳама ҷосус кунад ҷосусӣ,
Пештар аз ҳама ҷосус кунад ҷосусӣ,
Саду садчанди хаёли ҳама чиногари мағз.
Ҳуснзотар зи нигоҳи Монӣ,
Ба навораш
Нафаси санг бувад забт,
Чи суханҳои нигаҳ, пич-пичи бўса.
Лаззати бўсаи аввал
Мебарад бар лаби худ
То гули боғи биҳишт об диҳад
Аз навораш
Метавонӣ шунавӣ
Ту нахустин нафаси гарми Замин.
Чи Замин!
Чархи барин.
Об бе ў натавонад резад,
Нор бе ў натавонад хезад,
Ҷони оташ ба кафаш,
Ишқ меҷўшад аз ў,
Умр менўшад аз ў,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё