Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз таассубҳои мо моро касе чун мо нахўрд,
Бо лаби бегонаву васвоси дўзахзои тарс.

Ҳар куҷо як ориёӣ буд, пеши роҳи ў,
Ғайр зад кўҳе зи оташ то зи ҳам дорад ҷудо.
Нест беҳуда Сиёвуш меравад оташсавор,
Ориёӣ то ба ҳам ояд бувад оташкушо.

Бин саманди илмро-оташсавор афтодааст,
Заррае ёбад заминро аз фалакҳои баланд.
Чун мани печида дар худ, меравад хуршедрў,
Ин саманди хокии моҷўши посои баланд.

БАРОИ АКАШАРИФ ҶЎРАЕВ

Аз шаршараҳо тор кашида ба дутораш,
Гулҳои Ватан сабз расида ба дутораш.
Гулрези садаф нест, ки чида ба дутораш
Армони дили халқ дамида ба дутораш.

Фарёди дили шаҳри куҳан бурд бари кўҳ,
Бар гўши фалак то бирасонад зи сари кўҳ.
Печида ба ҳам кўҳнаву нав шуд бадари кўҳ,
Чун кабк Самарқанд бихонд аз камари кўҳ.

Дидем басе панҷа, дилу рўҳ навозад,
Чун панҷаи ў ку ки дигар кўҳ навозад.
Дарёи дили халқ ба ду ҷўйи дутораш,
Лаб мезанаду ҷўш чу гулбоғи баҳораш.

То панҷаи ў ҷўйкаши набзи наво шуд,
Гулҳои сари тоқии ў сабзи наво шуд.
Дар санги наво пайкари Меҳан битарошид,
Рангина камон духтари Меҳан битарошид.

Аз шаршараҳо тор кашида ба дутораш,

пешина
аз 186
навбатӣ