Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аҷаб ин буд, к-аз ангушти оҳангаш
Димоғи гўши моро аз биҳишти дур
Ба ногаҳ бўйе аз ангур меомад.
Ва рўйи саҳнаи ойинаи ово-ш
Ба арғушти биҳиштӣ ҳур меомад…

БАРОИ КАРОМАТУЛЛОИ ҚУРБОН

Нури ҳусну нури завқу нури овоз,
Дар вуҷуди саҳна ҷони ноз мерехт.
Ҷон даруни нур рақси шод мерафт.
Осмон ҳам бар Замин овоз мерехт,
Аз гулўи ў гулўи гул садорез,
Ёсаминро субҳи дил парвоз мерехт…
Мастии парвоз аз парвоз мехест,
Ҷоми наргис май ба чашми соз мерехт.

ГУРМИНҶ ЗАВҚИБЕКОВ:

Нусхаи чархи фалак рўйи Замин,
Ҳунари ҳусни малак рўйи Замин.

ЧАКОМАИ ХУДШИНОСӢ

Худшиносӣ таърихи бисёр куҳан дорад ва нақши пойи устувори онро на танҳо дар «Авесто» мебинем. Ду навъи худшиносӣ паҳлўи ҳам пайваста ҷорӣ буда:

  1. худшиносии зоҳирӣ; 2) худшиносии ботинӣ.

Аз ин ду худшиносии зоҳирӣ асосан барои
парокандагӣ, гусастанҳо ва ҷангҳои ваҳшатноки инсон
на танҳо хидмат кардааст, ҳамчунин зояндаи онҳо низ
будааст. Вале худшиносии ботинӣ, баракси он барои
ягона дидани инсон бо Кайҳони бузург ва барои худро дар Худо ва Худоро дар худ дидан хидмати беназире ба раҳ расонидааст.

пешина
аз 186
навбатӣ