Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худшиносии зоҳирӣ, ки моили сабукангорӣ ва эҳсоси ҷўшанда аст, мисли ашёи лозими нафсонӣ ҳаводори ниҳоят зиёд ҳам дорад ва зиёд тарғиб низ шуда ва мешавад. Аммо дар даҳаи аввали асри XXI расонаҳо ва нашрияҳои зиёди дунё ба худшиносии ботинӣ гарм рў овардаанд. Шояд инсон аз худшиносии зоҳирӣ хаста шуд? Шояд дар тани ҷаҳонишавии имрўза худшиносии ботиниро чун ҷон шинохт?

Зиндагонӣ Худост, мегўянд,
Ҳамазое ба пост, мегўянд.
Шав яке бо насим ё хуршед,
Гар худоӣ ҳавост, мегўянд.
Ҳар чӣ пиндоштӣ, ҳамон шудаӣ,
Хешсоз аз ту хост, мегўянд.
Зўри Норак ба ҳар ҳуҷайраи туст
Хешпўшӣ чарост? Мегўянд.
Зиндагиро касе шумурд пашиз,
Зиштбини Худост, мегўянд.
Ҳар кӣ бадбин ба хеш бошад низ,
Ў ба кини Худост, мегўянд.
Буда танҳову ҳасту хоҳад буд,
Як тани бе дутост, мегўянд.
Худ бизояд нафас-нафас худро,
Бе каму кост рост, мегўянд.
Нури ҷонаш, ки дам ба дам тарак аст,
Марг аз ў ҷудост, мегўянд.
Дил занад офтобҳо ба дилаш,
Нўҳ фалак синаҷост, мегўянд.
Аз қиёмат чи ҳоҷати ваҳм аст,
Ки ҳамин ваҳми мост, мегўянд.
Мурдаву зиндаро ба ҳам резад,
Чун ба дарё, равост, мегўянд.
Ҳама ашёи зодани нави ўст,

пешина
аз 186
навбатӣ