Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Осмон ҳам ҷазост, мегўянд…
Гар Худо кард манъи себи хирад
Дигар ў кай Худост? Мегўянд.
Чӣ падар аз писар хирад зада дур?
Роҳи шайтонкушост, мегўянд.
Бехирад кай шинохт Яздонро,
Ки ба худ н-ошност, мегўянд.
Дилу рўҳат хирад фароёбад,
Ҳис ҳамин рўнамост, мегўянд.
Неку бадро чӣ гуна фарқ кунӣ,
Чун хирад аз ту кост? Мегўянд.
Рўиш андар ниҳоди туст ниҳон,
Гуфт Зардушту рост, мегўянд.
Аз фалак моҳро нишеман кард,
Нафси маҳро бикост, мегўянд.
Бурд аз маҳ ба офтоб сипос,
Ҳамзабони гиёст, мегўянд.
Тухма шуд Говмарду рехт ба хок,
Рўиши нав бихост, мегўянд.
Гашт ребос чеҳраи нави ў,
Нав шудан асли мост, мегўянд.
Руст аз ў Машиву Машёна,
Боз нав шуд, баҷост, мегўянд.
Гуфт Хайём: – Кўза хоҳӣ шуд,
Кўза, пас хоки мост, мегўянд.
Ғунча, бингар, чарост кўзасифат,
Кўза гул гашту хост, мегўянд.
Гул, ки дар мева нутфаи ту бисохт,
Тифл аз ин меваҳост мегўянд.
То камоли дарун бибояд руст,
Рушдбандӣ гуност, мегўянд.
Бо ту дар рўиш аст низ Худо,
Хў ҳамин зиндарост, мегўянд.
То камоли ту тухмазойи навист,
Марг ҳарфе хатост, мегўянд.
Пас масўзон табиати рўиш,

пешина
аз 186
навбатӣ