Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Мурда ин ҷо куҷост, мегўянд.
Пеши чашмаш пагоҳу фардо нест,
Рўзи ў бепагост, мегўянд.
Куфру дин нест дар забони тараш,
Яксадо шодхост, мегўянд.
Рафтанат андар ўст, ҳар ҷое,
Чап равӣ ё ки рост, мегўянд.
Дар думи худ чӣ сон кашӣ ўро,
Кўшиши зарраҳост, мегўянд.
Рози ту чист пеши асрораш?
Ханда бар худ равост, мегўянд.
Ҳамқадам, ҳамсадош рав чу замин,
Аз ту худрў Худост, мегўянд.
Ҷонканиҳот дар пайи шўҳрат,
Зиндагии гадост, мегўянд.
То ба кай чун гадо дуои талаб,
Чашм бар кисаҳост, мегўянд.
Халқ аз ту гадоӣ омўзад,
Худшиносӣ куҷост? Мегўянд.
Санг будан сари шикастанҳост,
Гул бирў, хешзост, мегўянд.
Ҷангу тарсат зи санг будан хест,
Сулҳу гул як навост, мегўянд.
Сухани гул агар намешунавӣ,
Ҳақ шунидан куҷост, мегўянд.
Чи Зародушт ё Муҳаммад гў,
Худ наӣ чун, хатост, мегўянд.
На Масеҳо туӣ, на Буддоӣ,
Ту, ки дар ту баҷост, мегўянд.
Дар Худо будану Худо ҷустан,
Ин аҷаб аз ту хост, мегўянд.
Дин куҷову сиёсат аст куҷо?
Халқбозӣ чарост? Мегўянд.
То ту худро Худо намеёбӣ,
Ҳаявонӣ турост мегўянд.
Тарсӣ аз зиндагии рўи замин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё