Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Нўҳ фалак ошност, мегўянд.
Аз Гули Зиндагӣ бикаш нафасе,
Бўйи рози вафост, мегўянд.
Ҳашту даҳ шуд ҳазораҳо умрат,
Ҳақ зи ту ин нахост, мегўянд.
Ҳашт даҳ созу даҳ бикун дую даҳ,
Дари гардункушост, мегўянд.
Охирон, чордаҳ ба ҳаждаҳ шуд,
Ваҳдат ин ҷой хост, мегўянд.
Пурс аҳроми Мисри аҷдодӣ,
Посухе бар ту рост, мегўянд.
Рў зад аҳром аз даҳу дую даҳ,
Н-аз даҳу ҳашти мост, мегўянд.
Гар ту инро саре намеёбӣ,
Сари ту зери пост, мегўянд.
Осмон кай баройи худпўшист,
Баҳри парвозҳост, мегўянд.
Фалак, охир, на чодари араб аст,
На сарат шабсарост, мегўянд.
Чанд дар тоби Соҳира сўзӣ,
На Ватан регпост, мегўянд.
Кашф хоҳӣ бирав табиат бин,
Ҳама донишгувост, мегўянд.
Нашиносӣ бузург сўфиро,
Рў ба рўят Зиёст, мегўянд.
Хоб дидам, ки қиёмат шуд,
Тўда-тўда абрҳо дар осмон
Мешуданд афшурда аз ҳар сў,
Ва ҷои борон,
Ғозкашон абрҳо мешориданд.
Офтоб ногаҳ се пора шуд,
Рўи пора ва роғҳои миёни пораҳо
Ситораҳо ба паридан даромаданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё