Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва аз канори ҳар пора
Барқ ба давидан.

Рўз
Мисли хонае шуд, ки чароғаш
Сахт хира месўзад,
Мардум як борхалтаи равони тарс шуданд,
Тарс
Ҳатто аз либосашон
Чун сиёҳии шаб ба замин мерехт.
Касе ба касе нигаҳ барнамедошт.
Ва ҳама
Ба хона мешитофтанд,
Гўё аз қиёмат
Дар хона паноҳ меёфтанд.
Рўз рўзи тирамоҳӣ буд
Бод чанг мезад.
Аммо
Бечора дарахтҳо
Бор надоштанд,
Танҳо
Бачаи зарди барг мепартофтанд…
Бедор шудам, ки барф меборид…


Сари ман шуд мазористони кўҳна,
Русуми мурдаҷонро кони кўҳна.
Русуми мурдаи ҳар қавм навпўш,
Русуми мурдаи мо ваҳми худҷўш.
Чу чашми зиндаро гўре ҳисобам
Ба расми мурда дар сар ҷо наёбам


Сўйи покӣ синарў рафтам,
Дил чу кўдакҳо ба рўйи каф.
Хандаҳо сўям чу борон рехт,
Ҷойи дил пур шуд кафам аз хаф.

Дар фалакҳо буд Худо ҳақҷў,
Дар Замин аз сабза то одам…
Рўсабие ашки раҳмат рехт
Ҷон, ки сўйи Пок медодам…


Гардун шаву бингар, ки Замин зарраи хок аст,
Не Шарқи заминшиштаву не Ғарби фалакпо.
Не сарҳаду не давлату не миллату не дин,
Не кўҳ, на ҷангал, на биёбону на дарё.
Яъне ки ба Кайҳон будаӣ ҳамтану ҳамрўҳ,
Сад бор биёиву равӣ бесару бепо.
Бар хеш чӣ гирйӣ зи бурун бо лаби сад кин,
Дар хеш даро, бо ду ҷаҳон ханда бурун о.


Ману Худо, ки ошиқу маъшуқем,
Дар миёни мо
Ҷуз ишқ чизе нест.
Дар ишқ ҷуз ишқ дигар чӣ меғунҷад?!
Бо ҳам ҳар чи шўхӣ мекунем.
Ошиқона мекунем
Ва мебардорем.
Агар набардорем.
На Ў маъшуқ аст,
На ман ошиқ.
Дар ин миёна туро чӣ гап?


Як нафар
Бишнохт танҳоӣ
Ва танҳоӣ фурўхт
Тан аз ҳисоб андохт.

пешина
аз 186
навбатӣ