Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар гитори сурзан сури Ватан.
Эй фалакгиру Замин андешаат,
Ҷисм мегардад чунин андешаат.
Эй ту ҷони нурафзойи Ватан,
Шодии нурат дили ройи Ватан.

ХАЛҚ

Аз минбари хуршедҳо
То минбари Ҷамшедҳо
Сўям кашида дидҳо,
Чун минбари уммедҳо.
Аз минбари ҷони мунир,
То минбари пистони шир,
Аз майсаву аз дони пир
То минбари шамшеру тир.
Минбар ба минбар мехўрад,
Минбар зи минбар мехўрад.
Минбар чӣ минбар мехўрад
То минбари сар мехўрад.
Гаҳ ведаи сурам диҳад,
Гаҳ ояи нурам диҳад,
Гаҳ оби ангурам диҳад,
Гаҳ минбари гўрам диҳад.
Гаҳ ақлро созад қалам,
Гаҳ ишқро созад алам,
Гаҳ фалсафа ронад даҷам,
Гоҳе паноҳ орад ба ғам.
Гаҳ рустие аз растаҳо,
Гаҳ хаста аз оҳистаҳо,
Ворастае аз бастаҳо,
Гаҳ ҳаста андар ҳастаҳо,
Бар ман расида дам хўрад,
Дар пеши поям хам хўрад.
Аз чашми ман Замзам хўрад,
То аз замонам дам хўрад.

пешина
аз 186
навбатӣ