Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Нафаре
Нашнохт, танҳоӣ,
Тан харид,
Танҳоӣ андохт.
Танҳоӣ боз танҳо монд
Ва худро ба дили дарахтон зад.
Беҳуда нест
Ки барги дарахтон ба чашми ҳайрат менигарад.
БАРОИ НУРОФАРОНИ САНГТЎДА
Бо Аноҳиди забонвар буд Вахш,
Нури яздонӣ ниҳонгар буд Вахш.
Чун шаҳи фарзона шинад рўйи тахт,
Ё паямбар зояд андар рўзи сахт.
Фарри Яздонӣ бар он сар тоҷ буд,
Нури худзоро сари меъроҷ буд.
Чист фарр, эй зодаи нури баланд?
Нури нури нури нури бегазанд.
Чист нур, эй зодаи андешаманд?
Ин ҳамон андешаҳойи решаманд.
Мавлавӣ, бингар, чи зебо гуфтааст,
Аз баландии Сурайё гуфтааст.
«Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ,
Мобақӣ, ту устухону решаӣ».
Эй ки фикри нурзоӣ мекунӣ,
Дар Замин кори худоӣ мекунӣ.
Хона рўшан мекунад андешаат,
Сина гулшан мекунад андешаат.
Аз дили санъат, ки ҷорӣ мешавад,
Атласи «Сўзи баҳор»-ӣ мешавад.
Мешавад ҷорӣ ба шасти коргар,
Мерасад то моҳ дасти коргар.
Мешавад андешаат зўри Ватан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё