Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гуфтамаш: – Эй ҷони ду даҳсолаам,
Дар даҳи охир ба дусад нолаам.
Соате даҳ бор ба лаб «Эй»-ҳот,
Умри каму беш аҷаб «Эй»-ҳот.
Дар бағали зиндагии тезгард,
Мисли ту имрўз ба шаш миллиард
Ҳар кӣ ба ҳар бор, ки «Эй»-е занад,
Аз ҷигари зиндагӣ «Эй»-е канад
Чун бихўрад зиндагӣ «Эй»-и зиёд,
Низ диҳад зиндагӣ «Эй»-и е ба бод
«Эй»-и ҳаёт аст, ки ин ҷангҳост,
Ғуншуда аз «Эй»-и туву «Эй»-и мост.
Ба рўҳи шоди Аҳмадшоҳ Масъуд.
Низомӣ дил Эронзамин гуфту ман,
Туро хондаам дил барои Ватан,
Абўмуслим аввал, ту охир шудӣ,
Барои сари Шарқ миғфар шудӣ,
Туро зод чарху замин тарс кушт,
Натарсад дигар тарс аз бамбамушт.
Чу хў кард бар зулмати асри дур
Натарсад зи бамбу битарсад зи нур.
Ту гуфтӣ зи нури ҷаҳонгири дил,
Ки Кайҳон бичархад сари тири дил
Таассуб сари нур чандон бихўрд,
Ки нури Худо ҳам дигар раҳ набурд.
Паридӣ чу нури расо то само,
Ки рўшан шавад роҳи нури Худо.
Бихезад най ин ҷо чу Мавлойи Балх
Ҷаҳон бў набурдаст аз лойи Балх,
Дамидӣ нафас дар дили Ориён
Кунун медамӣ дар дили осмон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё