Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Роҳи мо аз нур то нур аст,
Не чу зулмат гўр то гўр аст.
Ҳар касеро нест Озодӣ,
Ў чӣ донад чист Озодӣ.
В-ар ҳамин нозест Озодӣ
Кай тавонад зист Озодӣ,
Офариданҳост Озодӣ,
Чун Худо худзост Озодӣ!»


Ай мо ки даридему фикандем ба ҳар сў,
Ҳам ҷомаву ҳам ҷони Ватанро,
Ҳам нони Ватанро,
Ҳам хони Ватанро.
Боре нигаҳ аз ишками худ бозбигирем,
То боз бубинем ҳам андоми Ватанро,
Ҳам номи Ватанро,
Ҳам ҷоми ҷаҳонбини Ватанро...
Афсўс, ниҳода Ватан, афсўс,
Дар синаи майдони ҷаҳони ҳамаомўз,
Чун духтари берўз,
Аз баҳри таҷовуз,
Урён зи ватандор,
Ларзон зи ватандор,
Яъне, зи ману ту,
Яъне, зи шикамрои шикамрўи шикамхў...
Ку он ки кашад шими худашро,
Чун шими Ватанро,
То аз нигаҳи шарми ҷаҳон боз бипўшад,
Як ними Ватанро...
1992.

БА ҲАВОИ ҲАРАКАТИ ҚАТОРА

Бод, фис-с...
Бод, бод, фис-с...
Бод, бод, бод, бод…
Бодо бод бодо бод, бодо бод Бодо бод, бодо бод, бодо дод, бодо дод Мурда бод, зинда бод, зинда бод, мурда бод, бода бод, бодо бод…
Бодо дод, бодо дод, бодо бод, бодо бод Бодо бод, бодо бод, бодо бод Бодо бод, бодо бод, бодо бод Бод бод, бодо бод,
Бодо бод,
Бодо бод,
Бод… бод
Бод, фис-с
Бод – фис-с-с...

БА 60-СОЛАГИИ УСТОД БОЗОР СОБИР

Рўзи рўидани ту рўи замин
Сада медонаду ребос
Халос.
Рўзи дар чашми замин шиштани ман
Ҷўй медонаду бодом,
Тамом.
Номаи кисаи мо,
Бача будем, ки мегуфт дурўғ,
То кунун низ ба мо
Шир мегўяду медорад дўғ,
Мо фитодем дар он саф, ки буванд
Фандашон дар киса.

Ман аз ин бегунаҳӣ рўй ба ребос барам,
Чӣ аҷаб,
Дар замоне, ки ҳама гавҳари худ меҷўянд.
Мо ҳам аз гавҳари худ ёд кунем,
Хирмани Одаму Ҳавво
Ки ба ҷуз як дона

пешина
аз 186
навбатӣ