Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Омаду зад, ки Худо яктост.
Нури шамшери Муқаннаъ ҷониби хуршед рафт.
Аз пайи моли Худо аз мо Худоро низ дуздида,
Дасти тазвири биёбон сохт
Дар биёбон аз дурўғе устувона.
Ломакони мо биёбонхона шуд,
Пас Худо хўйи биёбонӣ гирифт,
Шуд биёбонӣ.
Эй аҷаб, ин ҷо биҳишту ў ба дўзах хона кард,
Гўиё ҷое беҳ аз он ҷо наёфт.
Ҳам Худо ҳам мағзи мо аз мо ҷудо шуд,
Меҳр коридан ба ҷуз кин бар надид,
Тан биҳиштӣ, сар биёбонӣ ба аърофӣ кашид.
Офаридан мурдаву шуд зинда тарс
Чашми мо хушкид аз ин тазвиру ин тасвиру ин тафсир.
Тарсу тарсонанда обастан ба ҷанганду ғуломӣ...
Мавлавӣ зад нойи нури сўдарун:
«Эй шаҳон куштем мо хасми бурун, Монд хасме з-ў батар дар андарун Куштани ин кори ақлу ҳуш нест, Шери ботин заҳраи харгўш нест.
Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад, Шер он аст он ки худро бишканад...»
В-ин бурунзан шуд дарункан Аз дарун худро шикастем он қадарҳо ки буруни мо намонд...
Бо сари хуршедии худ сина зад ду шери нар
Даст бар болои даст
Яъне, мегўянд: «Аз мо то ба Хуршедии Зардушти дигар
Ҳар ки берун ё дарунро бишканад,
Нурро дар гавҳари хун бишканад,
Гуфтугўяш бо ман аст,
Устувона аз дарун бошад, ки берун бошадат!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё