Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо гияҳ буда аз аввал, ки шутур кард калак,
Ва аз он аст, ки имрўз аз он хоки барўманд
Дарди Нодир хуши ман ояду Симин,
Пури Довуду Ҷунайдиву Ҷамолӣ
Ва Хусрав
Нуру ребос тиҳӣ қад кашад аз дини гуноҳ,
Ба Худо низ шавад рўй ба рўй
Орӣ аз шарми нахустини гуноҳ
Баски фирдавси барин
Одам олуд, на ребос
Яъне мехонамат, инак, ба биҳишти Ватани ребосӣ...

Қавми ребос фузун аст, кушо синаи хеш
Кунда гар тоҷик аст,
Шоха бар шоха расад
З-инглис то ба урус
Яъне, дар Амрика низ
Руста ребоси зиёд,
Яъне, бегона найӣ он ҷо низ.

Ту бигў сўи нигоҳат,
К-ин қадар шўр нарезад,
Тоҷикистон пури кўҳи намак аст,
Ва ба ҳар хона ҳам аз ашк яке кони намак,
В-андар ин валвалаи бозорӣ
Намак овардану бифрўхтан аз Амрико
Чӣ гарон меафтад.
Мо ки худ тухмаием,
Ҳар куҷое бифитодем, бирўем
На ки бо ашки намак тухма бисўзем.

Нўшбодам ба дарозо афтад,
Чӣ кунам роҳ дароз аст,
Ва ту ҳамсўҳбати ҳам нодирӣ, ҳам Нодирпур.
Ва ман акнун

пешина
аз 186
навбатӣ