Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўзи рўидани ту,
Мезанам бўса ба ребос,
Чу дуруде ба ҳама ребосӣ.
Ва ду бодом ба хон мешиканам рўзи дигар,
Гўши ту баски дароз аст, дароз,
То ба лабҳои Ватан,
Ин садо мешунавӣ.
Мешунавӣ?
С.1998
ДИЛАМ СЎЗАД БА ТИФЛОНИ ФАРАНГӢ
Таваллуд кун аё Шарқи шикаста,
Зи тифлони пари дониш набаста,
Ба боли ишқи дил парвозгорон,
Садоқатро сари эъҷоз дорон.
Зи тифлоне, ки ҷои мушаки марг
Заминҳоро саросар гул бикоранд,
Ниҳолоне, бараш ҷонбахши лимўст
На ҷонбози лимонка1
Ниҳолоне ки чанги шохаҳошон
Ба монанди кафи тифлон ба мизон
Гирифтори гиронат не, аноранд...
Ба ҷуз инат ҳунар нест!
Таваллуд кун,
Зи тифлоне, ки тори ҳар кадоме
Фарангӣ бамбае дорад авезон!
Таваллуд кун,
Агарчи содаҷони сабзаворат
Ба олам ҷуз Худову модари бемор
Сарбоне надорад!
Падарҳои хуносоро бимон андар ғами ҷоҳ,
Зиёиро раҳо кун чун ҳаво сўе ҳавое,
Навъе гранат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё