Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муҳаббатро баҷо кун дар паси моҳ.
Барои шўҳрати муфти ҳиҷоӣ,
Гиребони бародарро ба мушти худ гиреҳ зан,
Сари ўро ба таҳ зан,
аз ҳунар раҳ зан,
Бизан лофи забаркаш
Бубин худро, ки чунӣ ту хабаркаш.
Мабин ўро, ки чун аст ў ҳунаркаш!

Таваллуд кун, ки зери чархи миноӣ,
Фарангӣ гарчи дар паҳлўи ҳар тифлаш
Яке мушак,
Яке тайёраву як танка биншонда
Ва ООН-ро
Барои тифли нози хеш модар, лек,
Баҳри кўдаки ту хонда моиндар,
Валекин боз аз ҳар ишками обастанат, эй Шарқ,
Чу аз як бамбаи нав тифлакашро сахт тарсонда...

Дилам сўзад ба тифлони фарангӣ
Ва мегўям ба гўши Шарқ оҳиста,
Ки шояд бас бувад зодан?!
Мабод аз тарси зоданҳои ту дар худ
Яке чун бамбаҳо таркад фарангӣ,
Ва ё ин хокдони ҳолиё чун тифли маъсумро
Диҳад бар бамбае табдил?
Ва он гаҳ ҳикмати «Мўре маёзор»-ат чӣ хоҳад шуд?
Дилам баҳри Замин сўзад
Чу бар тифли фарангӣ.
С.1990

ФИҒОНИ ШЕЪР БАР МАШҲАДИ ХЕШ

Ман, ки гул бўида будам
Аз нигоҳи гарми ошиқ,
Гуфтам: – Ин олам кунад гул Дар паноҳи гарми ошиқ.

пешина
аз 186
навбатӣ