Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рў ба рўям рўи нони бегуноҳ.
Мениҳад як коса шири бегуноҳ,
Ҳамсари қисматпазири бегуноҳ.
Мебароям рўи роҳи бегуноҳ,
Соядори сар ниҳоли бегуноҳ.
Бингарам мактабшитобу боғча,
Кўдакони синну соли бегуноҳ.

Бо саломи бегуноҳе бигзарам,
Аз бари ҳамсояҳои бегуноҳ,
Ҳамрадифи ҳамзамони бегуноҳ
Меравам то корҷои бегуноҳ.

Менишинам пушти кори бегуноҳ, Дафтару мактубу мизи бегуноҳ, Худ ба худ ларзонадам андешае
-Оламе дорам тамизи бегуноҳ.

Пас мани з-олам гунаҳҷўйи гуноҳ
Аз куҷо афтода паҳлўйи гуноҳ.
Аз замин то осмонҳо бегуноҳ
Ман сияҳрўям ва ё хўйи гуноҳ!

Дар тарозуи хирад гар баркашам
Бегуноҳии гунаҳ ёбам чу моҳ.
Гар бисанҷам бар сари мизони Нафс
Бишканад Мизони чархи бегуноҳ...


Оҳи ман чун қўи фаввора,
Сўи гардун мезанад минқор.
Пашшаи беболи наззора,
Рўи болаш мехазад ҳамвор.

Бар сари тухми ҳавас шишта,
Курки мардум дар канори ў.

пешина
аз 186
навбатӣ