Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Чўҷабар ғози қафас ришта Дар баландӣ интизори ў.
1992
Пеши по зад мурдаҷонӣ нони рўҳ,
Кай парад безиндаҷонӣ ҷони рўҳ.
Рўҳ мепўсад ба ҷисми мурдаҷон
Туф-туфи гардун ба исми мурдаҷон.
Минбари рўҳ аст ақли пештоз
Кист гўри рўҳ? Пушту пешноз.
Дар кўҳи Хоҷа Ғозиён ғоре фарох буд,
Буд қисса ки шамоли ҷаҳонро даҳона ўст,
Боди даҳони шоирон ақлам ба бод дод.
Гуфтам: – «Шамоли тоза кашонам аз ў накўст!»
Дидам ки як нафаскашӣ дар ғор бод нест.
Пурсидамаш: «Чӣ шуд, ки чунин бенафас шудӣ?»
Нолид: – «Ними боди ман мулло рабуд, дўш,
Ними дигар зиёии бенашъаи худӣ!»
Офарин бар ақлу бар ҷони яҳуд,
Бе маҳалбозӣ ҷаҳонбозӣ намуд.
Бин сари сарду ниҳоди гарми ў,
Камшумору бо ҷаҳоне рў ба рў.
Аз барои ў ҷаҳон бозича шуд,
Мо ба дасти оламе бозича худ.
Рўи пору паҳн моро ҷонамоз,
Рўи девон шаҳвати ў бонамоз.
Сўи Яздон гарчи Исо зини ўст.
Худ милал гўсолаи заррини ўст,
Ӯ ниҳони мо кашида то бурун.
Ошкори ў кашида мо дарун.
Рўи саҳна шаҳвати ў шойгон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё