Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаҳвати мо андар оғил ройгон...


Зиндагӣ туф карда рўи камбағал,
Пештозӣ хўрда хўи камбағал,
Ақли худсозаш ҷудо пўсидааст,
Дар канори ў Худо пўсидааст.
Медиҳад худро ба таҳқири ҳама
Шуд зи таҳқири ҳама зери ҳама.
Гурги бедандон ҳуқуқаш медарад,
Ҳар саги кў ҳолу ҷонаш мебарад.


Ошное ранҷид
Ки дидамашу бе дуруд гузаштам.
Маъзур, эй дўст,
Ман дар кадом паскўчаи таърих,
Ҳақи миллат меситондам.
Ва шояд дар даҳани сухане
Ғўлинг будам.
Ё дар шоҳроҳи раги гул
Масти бўи ҷустуҷўи Худо будам,
Ва даруни ҳунар
Ҷои шайтон ногаҳ Худоро дида
Аз дурўғи муслим ҳайратзада мерафтам...
Ту аз кўчаи Душанбе мегузаштӣ...


Ҳуфра бояд зад ба гўристони андеша
То боли Симурғ аз таҳи реги биёбон вокашем,
Лек файласуфҳои замон
Фалсафаҳои мурдаро чун ҷасадҳои худ
Дар тобути фалсафаи мурдаи пешин задаанд.
Рўяшон пошида гули коғазии унвонҳо,
Рўи дўши мағзи зиндаи мардум гузоштаанд.

пешина
аз 186
навбатӣ