Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Зиндагиро дид дар хун зиндагӣ
Зиндагии ҷангалӣ дар худ задам,
Бо қабои одамӣ берун шудам.
Шоҳии худ шери ҷангал хондаам,
Тарси худро сўйи рўбаҳ рондаам.
Варна рўбаҳ низ шоҳи хеш буд,
Зиндагиро зиндароҳи хеш буд.
Тарси гушна шерро чун дар фитад,
Дар шикори луқма рўбаҳтар фитад.
Ғайрати ҷангал паланге хондаам,
Бар ғурурам ҷомае пўшондаам,
Нек бинӣ андаруни ин ғурур
Нест ҷуз як пора тарси нафси кўр.
Пеши кафторон бубин харгўшияш,
Дар пайи ҷон аз ғазаб рўпўшияш.
Хандаамро гул ба гул додам ба лутф,
Чашми бороним бар абри кулуфт,
Шавқи ҷўшидан чу дидам дар баҳор,
Додамаш хуни ҷавонӣ беғубор,
Пириямро бурд боди тирамоҳ,
Бенишоне хўрд боди тирамоҳ.
Об бурд андешаамро ҷў ба ҷў.
Раҳ ба раҳ печиду дар худ шуст рў…
Гавҳарамро чашм буд баҳри шинохт,
Чашми тарсам чашми бино кўр сохт.
Пас чунин аз хештан маҳрум шудам,
Зиндагӣ пайдо буду ман гум шудам
Гавҳарамро монда дар тобути панд,
Мурдагиро зиндагӣ хондам ба фанд
Раҳгум андар ҷангали ақли худӣ,
Покашоли чарх аз нақли худӣ.
Зиндагӣ ҷустам ба худ аз зиндагӣ
Зиндагӣ оина омад кандагӣ,
Чун ба ин оина гаштам рў ба рў.
Шуд вуҷудам пеши чашмам сў ба сў.
Ончунон тарсидам аз худ ки чи гарм,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё