Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Насиҳат зиндагии зиндаро хўрд,
Ҳама эъҷози дил гўри сияҳ бурд.
На ба ҳикмат, на пайи кешам,
Аз пайи зиндагии хешам.
Корҳое баҳри пул шояд хатост,
Ношиноси қадри кор аҳли зиност.
Чу аз гардун даҳанвоӣ гирифтам,
Замини ишқро вое гирифтам.
Ҷаҳон зан гашт пиндорӣ, ба сад умр,
На кас фаҳмад, на худ худро биёбад.
Дар ҳама Кайҳон наёбӣ мурдае,
Ишқ меҷўшад дар ин болову паст.
Тарси мурдан чист дар дарёи ҷон,
Он кӣ худро нав назояд мурда аст.
Чун ба кўҳе такя дорам ман ба таърихи дурўғ,
Гар фитад, тарсам фитад, ҳам ростӣ пешам бапушт.
Чанд дурўғи пушти сар чун лаҷанам барад фурў,
Чанд зи гарданам кашад боғи дурўғи пеши рў.
Лухтаки зиндаи ҷаҳон зиндатар аст дам ба дам,
Бар сари мурда лухтаке умр ба бозиам гузашт.
Муқаддас китобест олам, ки Қурон,
Шуд охир ба як шарҳи як ояти он.
То задам дар орзуи пучи луч,
Худ шудам як орзуи лучи пуч.
Бале, дунё надорад ҷойи холӣ,
Чу доное равад сад аблаҳ ояд.
Баҳс бо гармии хуршед кунад бўсаи ишқ,
Лаб чи сард аст чу каҷкўл зи бўси садақа.
Дар Каъбаи казино
Гардон сақои сарҳо.
Гў ҳадисе мурдатар сўи ҳадиси мурдае,
Мурдаи гўри сухан то файласуф хонад туро.
Хандидӣ:
– Аз сардии оҳе, ки кашидӣ, Зимистонро дар ҳути кампиркуш Сармо зад!
Хандидам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё