Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Устоди насиҳатем дар рўйи ҷаҳон,
Дар хона насиҳатгари мо фарзандон.
Ҷаҳон чеҳра пинҳон гирифт аз ҷаҳон,
Набинӣ дар олам ба ҷуз рўйи худ.
Ҷаҳонпечидатар аз худ надидам,
Зи худ ғеҷидатар аз худ надидам.
Ҷаҳон дар хеш зад он гуна хўяш,
Ки чун хўяш ниҳон афтод бўяш.
Имонфурўшро чи ҳақи эътирози мо,
Аз танфурўши кўчаву дар боядаш ҳаё.
Гўсолагии моро донад замини гавшох8,
Хомўш медиҳад шир, оё ки гов гардем.
Ба ҳабси як-ду рўза сад таку дав,
Ба зиндони таассуб шоду хушрав.
Зи зиндони таассуб гар биронӣ,
Бихезад бар сари ту ҷонситонӣ.
Тамаддун буд ҳамқадди нигоҳам,
Таассуб гом зад аз арш боло.
Киноя ба ривояте, ки гўё Замин сари шохи гов меистода.
Ғалламусе гуфт аз рўҳи баланд,
Хандаҳо афтод дар кўҳи баланд.
Мастез, фалак, беш аз ин бар сари ман,
К-ин кишвари ман зи кўҳ дандон дорад.
Як ҳуҷайра дар Худоям ноаён,
Мухтасар шуд ҳар чӣ нуре мешавад.
Беҳтар аз гул ҳеҷ кас нашнохт ишқ,
Беҳтар аз хуршед нашносид кас бурҷи дилаш.
Офтоб аз санг гулрўён расид,
Аз гули дил сангрўён омадам.
Ҳавас шудгорҳо зад олами ишқ,
Ҷаҳони ишқ дашти Карбало шуд.
Бозори орзуи мо осмон гирифта
Мардум ҳунархаранду мо орзуфурўшем.
Кашокашҳо сари бозори дунё,
Гирифтанд ошиқонро бори дунё.
Ту бедандон магў дарёи кўҳӣ,
Забонаш ҳам пури дандони мавҷ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё