Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Даҳани мо шуда во пештар аз дидаи мо
Ширҷўему ба хун модари ғарқидаи мо.
Шеъре, ки қабули ом афтод
Аз гўшаи боми ном афтод.
Сад забони халқҳо омўхтем
Бе забони ақл худро сўхтем.
Зиндагиҷў мо зи ҷилди ҳар китоб
Зиндагӣ аз зиндагонӣ зиндаёб.
Тафаккури гул бодро гарон омад,
Сари ҳар қадам бинӣ ба замин месуд.
Бод ҳарчанд ба паҳлўи гул лагад зад,
Андешаи шукуфоӣ ва атрзоӣ
Аз сари ў берун кардан натавонист.
Хуршед бар тафаккури гул шарҳи нур дод,
Шабнам ба баҳс ҷониби хуршед пар кушод.
Хуршед буд кулоҳи сари сермўйи ман,
Бисёр танг буд.
Додам ба осмон, ки бипўшад сари калаш.
Ман аз миёни ҳизбҳои асри хораам,
Чу Гулливер зи шаҳри лелепутҳо
Гузораам.
Абре,ки ба тасхири офтоб хеста буд,
Пеш-пеши лагади бод гиря мекард.
Сўи мардум гўиё
Зиндагӣ гум карда буд сў, Сўи худ хонданд соҳибминбарон бесў, Ҷумла часпиданд сўи зиндагонӣ, Аз гиребонаш кашиданд:
– «Нест сўи зиндагӣ он сў!
Биё ин сў!»
Зиндагӣ лабханди талхе зад,
Як даҳан хун афканиду гуфт:
– «Ин сў низ сўйи зиндагист!»
Худоё, ин ҳама ҳазораҳо
Хуне, ки туро нашинохта, барои ту мерезанд,
Ба гардани кист?
Майро ба номи хуни Худо дам кашидаанд,
Хуни Худо ба ҷоми риё дам кашидаанд.
Гуфтам, ки май чу хуни туи аз гумон тиҳист,
Дил, ки ба бўи ишқи ту хун аст, хуни кист?
Хуни ту гар ба дасти расул оби бозӣ аст,
Хуни маро гурез кай аз турктозӣ аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё